Ҳар касе к-ӯ хидмати ҳамсоя кард, Бо садоқат кор бе пироя кард. Доимо гар ӯ зи ғайбат дур буд, Бо муҳиббони Худо маҳшур буд. Тӯҳмату бадгӯӣ аз ӯ сар назад, Оҷизонро сина бо ханҷар назад. Айби бадқавлӣ агар донад ҳаме, бар сари паймони худ монад ҳаме. // Суд агар настонад аз ҳамроҳи хеш, Гар наҷӯяд равнақи бозори хеш, // Бо дурӯғу фитна ҳамовоз нест, Бо ғуруру саркашӣ дамсоз нест. Бегуноҳонро нигаҳбонӣ кунад, Гар ятимонро саробонӣ кунад. Хор бишморад агар бадкорро, Золимони зишту халқозорро, Гар дили покизаву бекина дошт, Меҳри Яздонро агар дар сина дошт, // Кирдигоро, хаймаи Ту ҷои ӯст, Хонаи Ту оқибат маъвои ӯст. // Хонаи Ту оқибат // маъвои ӯст. //НУЖДАЯ СЕ مرة في يوم Тільки Ти Господь є надія моя Pentru noi e taină mare امور كتير ИМА ЕДИН КОЙТО Там в Небесах Слава, Бога майго зьзяе هافضل أسبح ربي يسوع اتعذبت عشاني
Song not available - connect to internet to try again?