Шӯришу исён чаро бардоштанд? Ин тавоиф фикри ботил доштанд. Сарварону подшоҳони замин, Синаҳошон пур зи шарру буғзу кин. Сар зи фармони Худо бартофтанд, Синаи Исои Ӯ бишкофтанд. Ӯ зи авҷи осмонҳо, бегумон, Воқиф аз асрори пинҳону аён, Бо тамасхур ханда дорад, ҳон, бубин, Бар ситамкешони нодон дар замин. Хашми Ӯ афзуну афзун мешавад, Золимонро чашму дил хун мешавад. Мешаванд ошуфта аз хашми Худо, Кай тавон пинҳон шуд аз чашми Худо. Дар такаллум гӯяд онҳоро ба хашм: "Кӯҳи Сионро тавон дидан ба чашм. Ин муқаддас ҷойро ман ҳамчунон Кардаам омода бар шоҳи ҷаҳон". Ва Писар гӯяд, ки "фармон ёфтам, Иззу шаъну фарри Яздон ёфтам. Подшоҳӣ аз Худам на, аз Худост, Ҳукми Ӯ орам ба ҷо, он чи ки хост. Ӯ Маро фазанди Худ хонад, чӣ бок, Ар ҷафо бинам Ман аз абнои хок. Ҳар чи хоҳам, Ӯ иҷобат мекунад, Неку бадро Ӯ қазоват мекунад. Ҳар чи дар ақсои олам буду ҳаст, Дар тасарруф дорам акнун зери даст. Бишканам чун кӯзаи кӯзагарон, Зулму истибдод бо гурзи гарон". Бо тааққул, подшоҳон бингаред, Доварон, аз интибоҳ дарнагзаред. Ҳам Писарро бӯсаҳо бояд намуд, Дар ғазаб н-ояд мабодо зуд-зуд. Қаҳри Ӯ оҳиста фаврон мекунад, Оламеро зору нолон мекунад. Аз ҳалокат вораҳидан мушкил аст, Гар таваккал бар Худо на аз дил аст. Хуш ба ҳоли он ки имон оварад, Бо таваккал ҷон ба ҷонон оварад.For God so Loved The World wrạ swrk ạlʿạly Если я воззову عندي الراحة ḥbk lyạ Caerán Тәңір адамдарға батасын берді Беним Аллах'ъм Сенсин Абадий I أنا حاسس
Song not available - connect to internet to try again?