Ба пайравии таронаи 23 дар китоби Забур* Покиву парҳезгорӣ пеша кун, То шавӣ шоистаи меҳри Худо. Дил зи кина пок дору рост бош, То нагардӣ Ту ба дарде мубтало. // Кист бархурдор аз файзи Худо? - Он ки Ӯро ростӣ андар сар аст. Аз дурӯғу фитна дурӣ ҷӯяд ӯ, Ӯ ба некӣ аз ҳама болотар аст. // Бегуноҳ маҳсуб мегардад ҳаме, Он ки меҷӯяд Худоро ҳар даме. Файз меёбад зи даргоҳи Худо, Рӯҳи ӯро набвад осеби ғаме. // Эй Худовандо, шукӯҳи номи Ту Бартар аз боми баланди Каҳкашон. Номи Ту паймонаҳоро бишканад, Менагунҷад дар замину осмон. // Дур шав, дарвозаи порина, дур, То дарун ояд Худованди ҷалол. Ӯ Худои Қодири яктои мост, Қудраташ бошад ба дунё бе мисол. Ҳар чи бинӣ дар ҷаҳон, аз Ӯ бувад, Ҳам замину ҷумла лашкарҳои он. Офтоб, истораҳо дар осмон Молу мулки Холиқи кавну макон. Ҳамд мегӯям Худои хешро, Ӯ маро дар ин ҷаҳон бигзидааст. Ман нахоҳам дурӣ аз Вай то абад, // Ӯ маро якбора омурзидааст. // 3xАЛЛАХ'ЪМ БЕНИ ДЕНЕ కమ్మని బహుకమ్మని - చల్లని అతి చల్లని لما العدو يكدرك ИЧТЕНЛИКЛЕ РАБ Гелин Сиз инсанлар иса Сизи Чаръйор Сөзіңді алдым қолыма L'horizon se colore Цілий день дзень-дзелень Ó, by som tisíc jazykov mal, z tisícich úst znel by môj hlas, každému by som oznamoval, čo mám v svojom srdci teraz, za piesňou pieseň by znela na chválu Božieho diela Svetlo sveta, osvieť ma
Song not available - connect to internet to try again?