Эй Зоти бечун, эй Худо, Бар ман ризоят муддао. Васфи ҷалолат мекунам, // Тамҷиди ҳолат мекунам. Боло зи дарёҳостӣ, Фавқи замини мостӣ. Аз осмон болотарӣ, // Аз Каҳкашонҳо бартарӣ. // Гар хашм гирӣ як даме, Дунё шикаст орад ҳаме. Кӯҳу камар ларзон шавад, // Ҳам раъду ҳам борон шавад. // // Шохи дарахтон бишканад, Ҳам сарви Лубнон бишканад. Ларзад ба худ, печад чунон // Саҳрои Қодеш ногаҳон. // Ҷангал намонад дар замин Аз хашми тӯфон инчунин. Оташ биборад бар сараш, // Сӯзад ҳама баргу параш. // Аз дарди зоиш оҳувон Зору заифу нотавон. Ту подшоҳӣ, эй Худо, // Бар мо гувоҳӣ, эй Худо. // Хотима: Дар хонаву дар кӯи Ту Мо ҷумла тасбеҳгӯи Ту. Қувват диҳӣ моро чунон, // То шод гардад ҷонамон. // Дар сулҳу хайру ростӣ Ту раҳнамои мостӣ. Дар сулҳу хайру ростӣ // Ту раҳнамои мостӣ. //Familia Feliz Ұлылығың жеткілікті كل الأشياء Pass me not, o gentle Saviour yuē dàn hé de shuǐ mʿ yswʿ mạ bạkẖạf День за днем и каждое мгновенье Unknown Токтото албайм көздөн аккан жашымды 若我的子民真谦卑自己
Song not available - connect to internet to try again?