Сад шукр, ки моро баракат додӣ, Худоё, Аз шафқату аз меҳри Ту гаштем сарафроз. Аз нури рухат гашта мунаввар ҳама олам, Рӯҳи Ту бубахшида ба мо шаҳпари парвоз. Роҳе ки ба мақсуд расонад ҳамагонро, Ин роҳ ҳамон роҳи шукӯҳманди наҷот аст. Бинмой, Худоё, ба ҳама ин раҳу оин Аз рӯи муҳаббат, ки дар он рӯҳи ҳаёт аст. Бо созу навоҳои дилангез бихонанд Номат ба забон дар ҳама ҷо мардуми дунё. Дар васфи ту ҳар қавм суруде бисарояд Бо шодию бо меҳр ҳам ин ҷову ҳам он ҷо. Дар рӯи замин роҳ ба ҳар сӯ бикушоем, Эй довари одил, Ту ҳидоятгари моӣ. Адли Ту чароғест, ки хомӯш нагардад, Моро Ту ба ҳар бодия равшангари роҳӣ. Пурбор замин гашта зи файзи Ту, Худоё, Дар сояи эҳсони Ту мардум ҳама шоданд. Моро баракат додӣ Ту, эй Холиқи якто, Аз файзи каломат ҳама ҷӯёи муроданд.Kto v ochrane Najvyššieho Кел, Құдайға тағзым етуге Holy Ground Миний чин үнэнч найз Al estar en la presencia de tu divinidad Holy, holy, holy is the Lord Ты - мой Господь! 神的羊群还平安吗 A Deus demos glória سر خطير
Song not available - connect to internet to try again?