Номат, ки шукӯҳи ҷовидон аст, Бартар зи самову Каҳкашон аст. Бартар зи ҳар он чи будаву ҳаст, Эй Қодири Мутлақ, эй Фародаст. Пӯшонда замину осмонро, Авҷи фалаку ситорагонро. Тифлон ба забони безабонӣ Васфи Ту кунанд тарҷумонӣ. Гар вирди забони мост номат, Пайваста ба ҷони мост номат. Ин фахр бувад ҳамеша моро, Гар васф кунем мо Худоро. Душман ҳама ҷо зи рӯсиёҳӣ Шарманда зи рӯзи додхоҳӣ. Ҳар гаҳ ки ба осмон бубинам, Бар моҳу ситорагон бубинам. Ночиз намоядам ба чашмон Дар хилқат агар мақоми инсон, Лекин ту варо мақом додӣ, Шоистагии тамом додӣ. Дар ҷои фариштагон агар нест, Афзалтар аз Ӯ касе дигар нест. Тоҷе ба сараш ниҳодаӣ Ту, Шаъну шарафаш бидодаӣ Ту. Ҳайвону паррандаро ба фармон Бинҳодаӣ зери дасти инсон. Дарёи муҳаббатат равон аст, Лутфи Ту ба мо чӣ бекарон аст.Channels only mylạdk yạrby Сөзүңдү алдым колума ทุกวันเวลาข้าอยากอยู่ใกล้ชิด tʿạl yạ rb lblạdnạ bnhḍẗ Как чудесна Божия любовь Под крылом Я искал для души Бирге жашайбыз Ыйсада Река
Song not available - connect to internet to try again?