Рӯ оваред, эй мардумон, Сӯи Худованди ҷаҳон. Дурӣ кунед аз хашму кин, Парҳез аз чини ҷабин. // Шодобу хуррам рӯятон, Бикшода ду абрӯятон. // Лабханд бар лабҳо аҷин, Андеша пурбор аз яқин. Бо созу бо овози хуш, Бо нағма, бо пардози хуш. // Дар синаҳо бонги дуруд, Ҷон ғарқи оҳанги суруд. // Шукрона гӯедаш мудом, Эй ҳамраҳон, ҳар субҳу шом. Ҳамди Худо дар саҷдагоҳ Ҳар бомдод, ҳар шомгоҳ. // Вирди забонҳотон бувад, Пайвасти ҷонҳотон бувад. // Парвардигори мост Ӯ, Омӯзгори мост Ӯ. Аз лутфи Ӯ инсон шудем, Ин гуна маънидон шудем. // Номат муқаддас, эй Худо, Умеди ҳар кас, эй Худо. // Хотима: Некӯву пурэҳсон Туӣ, Бар дардҳо дармон Туӣ. Ҷонҳои моро шод кун, Моро зи ғам озод кун. // Номат муқаддас, эй Худо, Умеди ҳар кас, эй Худо. //Я с тобою хочу о любви говорить Adorami Ich bet Dich an Allmächtiger Caroline Lurianne శ్రీకరుండ శ్రీయేసునాధా ИСУС ДОКОСНА МОЯ ЖИВОТ Al final de esta vida terrenal Расскажи Иисусу, что тебя гнетёт Святой Царь Dieu des nations
Song not available - connect to internet to try again?