// Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! // Худоё, зи ҷон меситоям Туро! Ҳамеша ба ҳар ҷой хонам Туро! Бузургии Ту бинам аз осмон, Зи хуршеду моҳу ҳам аз ахтарон. // Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! // Ба кӯҳу ба саҳро назар афканам, Ба ҷуз номи Ту дигар нашнавам. Чу борону барфат биборад ҳаме, Нахоҳам шуд аз шукр ғофил ҳаме. // Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! // Ҳавои латифу дарахтони сабз Ва мурғони зебо ба овози нағз. Туро шукр аз баҳри ёрони мо, Хусусан Масеҳ, к-омадӣ аз само. // Барои атоҳои беҳадди Ту Кунам бо дилу ҷон ҳаме ҳамди Ту! //Хүндэт өө хүндэт Эзэн минь ạ̹lqạʾ 2 hllwạ yswʿ ạlạ̉lf wạlyạʾ wǒ zuì ài tīng yé sū de gù shì Вечно будем петь Тебе ṭạl ạntẓạrnạ 할렐루야 할렐루야 세상 모든 사람들 İsa, Ne Harikasın! Mi consacro a te ràng quán shì jiè dōu tīng jiàn zhǔ shēng yīn
Song not available - connect to internet to try again?