Бишуд рӯзу инак шаб ояд канор, Кунун осмон гардад аз соя тор. Фазояд бар он соя ҳар дам чунон, ҳар дам чунон Ки зоҳир шавад талъати ахтарон, ахтарон. Ҷаҳон ҷумла орому сокит шавад, Ки шаб вақти осоиши ҷон бувад. Дар ин вақт мурғону гулҳо ба ноз Бихобанд дар раҳмати корсоз. Ту, эй Исои поки равшанравон, Бибахшой оромиши хастагон. Ба некӯтарин лутфу меҳру карам, меҳру карам Зи раҳмат бинеҳ пилки чашмам ба ҳам, чашмам ба ҳам Бифармо ба кӯдакон хобе ато, Ба хоб-андар кунанд фикри Туро. Ба киштинишинони // дарёнавард, // Ба беморони ғарқи // баҳри дард // Бибахш ончунон к-он сазовори Туст, Тасаллову бахшандагӣ кори Туст. Ба ҳар пос аз шаб маро ҳаст умед, Фариштасириштони симосафед Ба болинам аз арш раҳ биспаранд, Ба рӯй андарам болу пар густаранд, Ба ҳифзам бикӯшанд // то бомдод, // Ки бархезам аз бистари // хеш шод. // Бишуд рӯзу инак шаб ояд канор, Кунун осмон гардад аз соя тор. Фазояд бар он соя // ҳар дам чунон, // Ки зоҳир шавад талъати // ахтарон. // Ҷаҳон ҷумла орому сокит шавад, Ки шаб вақти осоиши ҷон бувад. Падарро Худоиву фарру камол, Писарро бузургиву ҷоҳу ҷалол. Худованди фархундаи беҳамол, Ки бошад туро қуввате бемисол. Бибахшо, ки бо соддагӣ // бегуноҳ // Биёбам ба файзи // ҳузури Ту роҳ. //خدنا على جبل عالى Раб Кутсал Тапънаъндадър Il più grande O Isuse-n barca vieții سۉيۉۉسۉن سەبۉۉچۉ + روuring ۉوur lوvە İman Ettim Ben İsa'ya Кров Христа Небо и земля сотворены Тобою Yüzünü Görecekler رەببىم ئەيسا رەببىم ئۆزۈڭ
Song not available - connect to internet to try again?