Боди наврӯз вазид, Рӯзи фирӯз расид, Субҳи умед дамид. Мужда онро, ки дар ин сол ҳаёти нав ёфт! Найири нури Масеҳош парастор омад. Эй ҳама халқи ҷаҳон! В- эй ҳама покдилон! Шукри Яздон ба забон! Ҳама гӯеду сароед ба номи Субҳон, К- ояти раҳмати нав боз падидор омад. Тоза гардид ҷаҳон! Дару дашт аст ҷавон! Гули нав гашта аён! Ба тассалои дили ғамзадагон Рӯҳулқудс Ба мудовои тани хастаи бемор омад. Дар фироқи шаби ид, Дида даргашт сапед, Қосидам дод навид, Ки ҳаво рӯҳфазо асту насим анбарсой; Абри найсон ба чаман боз гуҳарбор омад. Аз чӣ дар кунҷи хамул? Бенавоию малул? Сӯи Ҳақ бош аҷул! Дида аз хоб фурӯ шӯй, ки гӯӣ яксар Бӯи мушк аз Хутану кишвари тотор омад. Даври озодии мост! Навбати шодии мост! Вақти ободии мост! Бод пайваста бо мо файзи Абу Ибну Рӯҳ: Яке аст ин севу як дар се зи асрор омад!Köy köy ben gezerdim Toužím Прости Господь Не считай года живи و، يسا، جاندى قۇتقارۋشىم Hər yerə gedərəm Rəbb İsa ilə Родился Иисус и приблизился Бог ىيسا تەڭىر تئرىلدى، الەلۇيا! Jesús me satisfaz ḥkạyẗ sẖạwl
Song not available - connect to internet to try again?