Боғи Ҷатсимониро бинед, эй имондорон, Ҷанги Наҷоткор бинед дар он шаби бепоён, // Дардашро эҳсос намо, то донӣ тарзи дуо. // Ӯро чун маҳкум бинӣ, маҷрӯҳу хор дар ҷаҳон, Дили Худоии Ӯ пур аз ғамҳои ниҳон, // Аз канораш дур машав, аз роҳи салиб бирав. // Сӯи Ҷолҷолто равед, даст дар дасти Ӯ ниҳед, Наҷот зи Худо бинед, Писарашро бишнавед. // "Иҷро шуд", - фарёд зад Ӯ, маргат низ бошад дар Ӯ. // Сӯи қабр шавед равон, ки дафн шудааст дар он. Баҳри чӣ бувад холӣ, ҷисмаш нест дар ин макон? // Бархосту сууд намуд, баҳри мо низ роҳ кушуд. //Doamne mai vreau Rusalii Lettera Büyük Olan Allahımız Haideti fraţilor să mergem الشهد يقطر من شفتيه Keď opustia Ťa mnohí Stretneme sa za tou riekou يسوع إنت نور حياتي mn fwq qlʿẗ qlby Ellerinin İşlerine Bakınca
Song not available - connect to internet to try again?