Вақте чун гуноҳкоре ба пояш афтодам, Дар зери бори гуноҳ "Исо" - садо додам. Исо шунид фарёдам, аз банд кард озодам, Чун Исо бардошт борам, маро шодӣ бахшид. Оре, Ӯ бардошт борам, бори гуноҳамро, Оре, Ӯ бардошт борам бо меҳри беҳамто. Исо шунид фарёдам, аз банд кард озодам, Чун Исо бардошт борам, маро шодӣ бахшид. Вақте дар ғаму андӯҳ, маъюсу саргардон, Бо заъфу дилшикаста, дар ранҷи бепоён, Садои Исо омад: "Ман бо туям доим"! Он гоҳ Ӯ бардошт борам, маро шодӣ бахшид. Роҳи ҳаёти ҷовид фақат Исо дорад, Ӯ роҳнамою ҳодӣ дар қалби ман монад. Вақте ба само равем, бо ҳам суруд хонем Гӯем: "Ӯ бардошт маро, моро шифо бахшид".Если путь твой мрачный темный దినమెల్ల నే పాడినా కీర్తించినా ạ̉nạ mḥtạj lmsẗ ạ̹ydk Aleluja sláva Гоҳ кетсам жондан тўйиб (T) Pane, príď Tvoja sláva Päivä paistaa He ny hoby ao an-danitra ДОСТОЙНО Е ИМЕТО ТИ Maryjo Matko ma
Song not available - connect to internet to try again?