Гар хастаӣ, дилат пур зи андӯҳ, Ба Исо бигӯй, ба Исо бигӯй. Гар шодию завқ гурехта аз ту, Фақат ба Исо бигӯй. Ба Исо бигӯй, ба Исо бигӯй, Беҳтарин дӯсти ту Ӯст. Нест дар ҷаҳон дӯсте беҳтар аз Ӯ, Фақат ба Исо бигӯй. Гар зи чашмонат ашки ғам ҷорист, Ба Исо бигӯй, ба Исо бигӯй. Гар гуноҳе дар дилат махфӣ аст, Фақат ба Исо бигӯй. Гар аз абри андӯҳҳо тарсонӣ, Ба Исо бигӯй, ба Исо бигӯй. Гар аз фардои худ ҳаросонӣ, Фақат ба Исо бигӯй. Гар аз андешаи марг ларзонӣ, Ба Исо бигӯй, ба Исо бигӯй. Гар аз бозгашти Масеҳ тарсонӣ, Фақат ба Исо бигӯй.Laat Heer U seën op hul daal Эзгуликка тўлган Koşarak geldin Онун Адъ Иса Месих Տերն է Իմ Լույսն ու Փրկությունը Anche se non vedo В старой церквушке Si vedrà Номи Исо 神啊我们要赞美你
Song not available - connect to internet to try again?