Дар ин дунёи ғамноку фонӣ Фарёд кунам ба сӯи само. Рӯҳам афсурда дар зери гуноҳ, Худовандо, бар ман раҳм намо! Ин қалби нолон хоҳони шодист, Танҳои танҳову бенаво. Қалбам шикаста, пурдарду хаста, Худовандо, бар ман раҳм намо! Ин рӯҳи саркаш овора гашта Хоҳони лаззат, дур аз Худо. Дар биёбони ин умри ночиз, Худовандо, бар ман раҳм намо! Дунёи маккор маро фиреб дод, Ҳастиям рафт бар боди фано. Ронда зи ҳар ҷо, хаста зи дунё, Худовандо, бар ман раҳм намо! Тавба намоям аз гуноҳонам, Бо ашкҳои талх кунам дуо. Ҳарчанд нолоиқ сӯят меоям, Худовандо, бар ман раҳм намо!يصنع العجايب Иисус как чудесен Ты Büyük Ve Yücedir, İşlerin Senin Гуноҳларимни кечир حلم ضاع Докле дойде милий Спас Hukdampa Lalna Gam JEŽIŠ NIKDY NEZLYHÁ ۅمۉردۉ ساعا بەرەم В небесные дали манящие дали
Song not available - connect to internet to try again?