Дар шаби охир бо шогирдон, Пеш аз суудаш Шоҳи шоҳон Бо дастон нонро пора мекард, Баҳри шогирдон тайёр мекард. Баҳри шогирдон тайёр мекард Он гоҳ шукр карду баракат дод, Гуфт: "Бигиред, ин тани Ман аст. Бихӯред онро ба ёди ман, // То бимонад ёдгори Ман". // Баъд аз он бардошт пиёларо, Пиёлаи паймони навро, Гуфт: "Ин пиёла дар хуни Ман, // Дар оянда ёдгори Ман. // Ҳар вақт ин нонро шумо хӯред, Ин пиёларо шумо нӯшед, Эълон хоҳед кард марги Маро, // То Ман боз оям назди шумо". // Пас ҳар кас нону пиёларо Хӯрад нолоиқ пеши Худо, Он гоҳ он шахс мегардад айбдор // Дар бадану дар хуни Исо. // Зеро ҳар кас ин амал кунад, Бояд имтиҳон кунад худро. Дигар хоҳад буд ӯ гуноҳкор // Дар он ҳузури поки Худо. //الشهدا حبوك Ах Не Гюзелсин Ашкъм Wszystko Panie Ciebie chwali Otvorte mi krásnu bránu Evindeyim 耶和华要缠裹他的百姓 Проведи сквозь внешний двор خۇدا ئۇلۇغ Pi̱ki Chihowa, Pi̱ki Chihowa, Pi̱ki ʋba chia ma! سۇيگەندىكتەن ادامزاتتى
Song not available - connect to internet to try again?