Забури Довуд Таронаи 15 Маро нигаҳбонӣ намо, эй Худо, зеро ки ба Ту паноҳ мебарам. Ба Худованд гуфтам: Ту Худованди ман ҳастӣ; некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест. Ба муқаддасон низ, ки дар мамлакат ҳастанд, ва ба нерумандон - тамоми иштиёқи ман дар онҳост. Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд; қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт, ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард. Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст; Ту қуръаи маро нигоҳ доштаӣ. Марзаҳои ман ба мақомҳои хуш афтодааст, ва мероси зебое ба ман расидааст. Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст; шабҳо низ ботинам маро меомӯзад. Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид. Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад; ҷисмам низ дар осудагӣ сокин хоҳад шуд; Зеро ки Ту ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт; нахоҳӣ гузошт, ки Куддуси Ту фаноро бубинад. Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст, ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.Mi Corazon Oh Examina Hoy 拉着你的手 ḥạrb wạʿml jhdk Далар вар олмадан Chválou ať naplní se zem Ирээч Та үнэний Ариун Сүнсээ jạy yạ rby Благодарю Тебя Господь из Назарета Ялнъз Сен Варсън Kami Naikkan Puji Dan Syukur
Song not available - connect to internet to try again?