Забури Довуд Таронаи 85 Дуои Довуд. Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, маро иҷобат намо, зеро ки ман мискин ва камбағалам. Ҷони маро нигоҳ дор, зеро ки ман порсо ҳастам; Ту, эй Худои ман, бандаи Худро, ки ба Ту таваккал мекунад, наҷот деҳ. Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ҳар рӯз сӯи Ту мехонам. Ҷони бандаи Худро шод гардон, зеро ки сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро менигаронам. Зеро ки Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ, ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд. Ба дуоям, эй Худованд, гӯш андоз, ва ба овози зориҳоям диққат намо. Дар рӯзи тангии худ Туро хоҳам хонд, зеро ки маро иҷобат хоҳӣ кард. Мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён нест; ва аъмоле мисли аъмоли Ту нест. Ҳамаи халқҳое ки офаридаӣ, омада пеши Ту, эй Худованд, саҷда хоҳанд кард; ва исми Туро ҷалол хоҳанд дод. Зеро ки Ту бузург ҳастӣ ва корҳои аҷоиб мекунӣ, - Ту, эй Худо, танҳо Худат. Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, то ки дар ростии Ту рафтор намоям; диламро якто гардон, то ки фақат аз тарси исми Ту пур бошад. Туро, эй Худованд Худои ман, бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт, ва исми Туро то абад ҷалол хоҳам дод, Зеро ки эҳсони Ту ба ман бузург аст, ва ҷонамро аз асфалуссофилин халосӣ додаӣ. Худоё! Бадқасдон бар ман қиём кардаанд, ва тӯдаи ситамгарон қасди ҷонам доранд; ва Туро пеши назари худ намеоваранд. Валекин Ту, эй Худованд, Худои раҳим ва бахшандаӣ, собир ва пур аз эҳсон ва ростӣ. Ба ман лутф ва марҳамат намо; қуввати Худро ба бандаат бибахш, ва писари канизи Худро наҷот деҳ; Ба ман аломати некӯӣ зоҳир намо, то ки бадхоҳонам дида, хиҷил шаванд, зеро ки Ту, эй Худованд, ба ман ёварӣ намудаӣ ва маро тасаллӣ додаӣ.Раб Сени Севийор حرام Час Господа прославляти ข้ารับชีวิตพระคริสต์ Condu pasii mei Cudną nowinę zwiastował nam Bóg Aksada göz yaşım Слава Тебе هناك حل Milujte se
Song not available - connect to internet to try again?