Замон ба камол расид, Худо фиристод Ӯро, Писари ягонаро, баҳри мо гардад фидо. Рӯҳи Худо бар Вай буд, Худо Ӯро одил хонд; Нури халқҳо гардид, Наҷоткори мо гардид. Ӯ аз оғӯши Падар ҷудо гардид, Баҳри гуноҳи ҷаҳон фидо гардид. // Бо Хуни поки Худ Ӯ моро аз гуноҳ Озод намуд, аз гуноҳ озод намуд. // Мо шоҳиди Ӯ ҳастем, шоҳиди эҳёи Ӯ. Бо Ӯ маслуб шудаем, эҳё гаштаем бо Ӯ. Рӯҳи Худо бар Вай буд, Худо Ӯро одил хонд; Нури халқҳо гардид, Наҷоткори мо гардид. Мо аз они Худованд Масеҳ ҳастем, Ворис ба ваъдаҳоем, ходим ҳастем. // Акнун дар дил қабул кардаем Ӯро, Худоро, Худовандро, Худовандро. // Гуфтӣ: "Кош маро болҳо мисли кабӯтар мебуд, То ба ҷойҳои дурдаст парвоз, парвоз мекардам. То бар саҳро дур аз ҳама ман роҳ интихоб мекардам, Парвоз, парвоз мекардам, истироҳат меёфтам". Кист барои ман, кист дар осмон? Ғайр аз Ту ҳеҷ чиз бар замин нахоҳам. Гарчи ман хокам, дилам нобуд шавад, Сахраи дилам охир мустаҳкам аст. Гарчи ман хокаму дилам нобуд шавад, Худованди ман Ту ҳастӣ, Туӣ Масеҳ!Who will be Jesus Иисус к Тебе в тоске взываю я lạ ạ̉mwt bl ạ̉ḥyạ 你是基督永生神的儿子 ساپارعا چىققان جولووچۇ SLOBODNÝ SI إلقاء المحبة إن كنت تحب يسوع Նոր Սերնդի Հիմք День Подяки
Song not available - connect to internet to try again?