Масеҳ, Ту шаҳаншоҳӣ, Аз олами болоӣ, Аз айб мубарроӣ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Эй Нури ҷамоли Ҳақ! Аз Зоти Худо муштақ! Дармонда шудем, алҳақ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Аҳволи ҳама донӣ, Афкори ҳама хонӣ, Зинда зи Ту ҳар ҷоне, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Гирд омада дар даргоҳ, Дар қудси парастишгоҳ, Аз омаданат огоҳ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Гуфтӣ Ту, ки дар фарҷом Як сӯ шавад ин олом, Кӯтоҳ кунӣ айём, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ! Боз оӣ агар, эй Шоҳ, Бо мо Ту шавӣ ҳамроҳ, Ҳар ранҷ шавад кӯтоҳ, Олам шуда бас торик, Вақт аст, ки боз оӣ!Dobrý si Pán Stânca mântuirii Tu către Tine vin acum عايز رضاك Ben Buradayım Мəнə јахынлаш Náš Boh je skryte prítomný Üzüntülerimi Bırakıyorum Domnul e al meu Păstor أنا الخروف الضال جاي بذبيحة حمد
Song not available - connect to internet to try again?