Масеҳо - Шоҳаншоҳи меҳру муҳаббат, То абад Масеҳ шуда бо файзу раҳмат. Бо Падар аҳд баст, то наҷот бахшад, Ба ташна диҳад оби ҳаёт. // Барраи Худо Худованд Исо, Ғолиб бар дунё, бар мавту гуноҳ. // Шайтонҳо меларзанд аз номи Исо, Девҳо низ метарсанд аз Наҷоткори мо. Чун номи бузургаш мебошад беҳамто, Бо хунаш харид озодии мо. // Барраи Худо Худованд Исо, Ғолиб бар дунё, бар мавту гуноҳ. // Эй ҳама гуноҳкорон, ба худ оед! Дунёро дар умқи ҳалокат бинед! Иддаи зиёде бе наҷот мурданд, Аз дунё манфиат набурданд. // Барраи Худо Худованд Исо, Ғолиб бар дунё, бар мавту гуноҳ. // Бо абрҳо меояд он Шоҳи шоҳон, Бо ҷалолу шукӯҳ бо фариштагон. Аз адолат пур месозад Ӯ дунёро, Доварӣ мекунад осиёнро. // Барраи Худо Худованд Исо, Ғолиб бар дунё, бар мавту гуноҳ. //Алла Патша Stačí milost Tvá yǎng wàng 当灾难不断的出现 Песня любимому (посвящается мужу) Пребывать в Твоем доме يا جمالك Ja mám myseľ Kristovu كەلگەيسەن ئىممانۇئېل Күпме еллар үтте, сулар акты
Song not available - connect to internet to try again?