Масеҳо, эй фурӯғи мулки ҳастӣ! Зи Ту пайдо бувад болову пастӣ. Зи фазлат ҷирми хокӣ ёфт тамкин, Фалак шуд аз кавокиб гавҳарогин. Рӯҳат дарди ҳама дилро даво кард, Ба лутфу марҳаматҳо ошно кард. Ба лутфу марҳаматҳо ошно кард. Набурдем аз набудат файз доим, Ба ҳастимон қиёмат кардӣ қоим. Ба ҳастимон қиёмат кардӣ қоим. Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! Чу моро хондаӣ андар муҳаббат, // Ба мо таълим додӣ рози ваҳдат. // Ба Рӯҳулқудс қалби мо барафроз, // Раҳи сулҳу вафодорӣ биёмӯз. // // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! // Ба наздики Ту то бошем маҳбуб, // Зи нури Худ макун моро Ту маҳҷуб. // Фурӯ шӯй аз дили мо ҳар ҷаҳолат, // Қавӣ гардон дар имону адолат. // // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! // Зи файзат дам ба дам то зинда бошем, // Ту дар мо, мо ба Ту поянда бошем. // Ҳамеша муттаҳид бошем дар ҷамъ, // Чу парвона ба гирди нури он шамъ. // // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! //Alleluja (Dio è con noi) Amore vero Ry Jeso! Ny Anaranao 손을 들고 찬양합니다 Оёғим билан рақсга тушиб Seigneur, mon Dieu, dans mon âme Yo quiero amigo de Cristo ser mhmạ ạ̉dwr bạrsm brysẖẗ ạlḥb Nous vivons des jours de gloire
Song not available - connect to internet to try again?