Нури Худоӣ, нури Худоӣ, Тобон дар қалбам бо ҷалолӣ. Ҳалелуёҳ, хушбахтаму шодам, Мехонам ҳамди Наҷоткорамро. Худо, ки офарид арзу саморо, Ҳаво, дарё, ҷаҳони босафоро, Ҳамон, ки нурҳо аз ҷилваи Ӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст. Худое, к-офарид хуршеду маҳро, Ба нури ахтарон афрӯхт раҳро, Ҳамон, ки гардиши айём аз Ӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст. Худои моҳу хуршеду ситора, Ки аз кораш кунад доим ҳикоя, Ба вақти тирагиҳо роҳбарам Ӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст. Ба вақти ноумедӣ дар ҷаҳонам Бувад оромбахши ҷисму ҷонам . Чу дар андешаи ман ҳаст он дӯст, Ба ёди ман ҳамеша ҳаст он дӯст.خۇدا، سەن مېنىڭ ئاتام yạ ʿrys nfsy ạlgẖạly Forte e coraggioso Sen Layıksın Övgüye Cand Domnul te-ncearcă حياتي فرح Take My Life (Holiness) Баарын берем Ыйсага мен Unknown ql ly ạmty̱
Song not available - connect to internet to try again?