Пинҳон макун аз чашми Худо айбу гуноҳат, Эй ҷон, ба Худо рост бигӯ он чи ки дорӣ. Бахшанда Худоест, ки мебахшадат охир, Пеши назараш гар дили бикшуда гузорӣ. Онро, ки бубахшида Худо айбу гуноҳаш, Хушбахттар аз ӯ ба ҷаҳон ҳеҷ касе нест. Фарёд баровардаву бишнида Худояш, Чун ғайри Худо ҳеҷ куҷо додрасе нест. Иқрор накардам ба гуноҳам агар он ҷо, Ҷону танам аз оташи ғам сӯхт, Худоё. Пинҳон натавон кард зи чашми Ту хасеро, Бояд ҳама ҷо бар ту назар дӯхт, Худоё. Ҳар кас, ки дуо кард ба даргоҳи Ту, ё Раб, Ӯро хатаре нест ба ҳар раҳ, ки гузар кард. Эмин бувад ҳамвора зи бадхоҳии душман, З-ин ҷо агар ӯ ҷои дигар азми сафар кард. Ҳар ҷо биравам, бок надорам зи касе ман, Бинмудаӣ бар ман раҳи ҳамвор ба ҳар сӯ. Аҳкоми Ту дар ҳар қадаме машъали роҳам, Чун нури дурахшанда падидор ба ҳар сӯ. Таълим диҳӣ бар ману чашмам бикушоӣ, То роҳи худ он гуна ки бояд, бишиносам. Бефаҳм набошам чу хачиреву чу аспе, Бо ақлу хирад он чи ки ояд, бишиносам. Ҳар кас, ки шарир аст, варо ғусса зиёд аст, Аз ғуссаву ғам марди Худоро асаре нест. Эҳсони Худоро ҳама ҷо бинаду донад, Ӯро ба ҷаҳон ғайри Худо роҳбаре нест. Эй ростдилон, дар қадами поки Худованд Аз шодии дил нағмаи мастона сароед. Бо сидқу сафо тавба кунед аз гунаҳи хеш, Аз рӯи муҳаббат ба Худо саҷда намоед.Баярлан магтан الكتاب المقدس Chválu chcem Ti vzdávať قوللي ليه Magnificat 我心归你 Domnul pacii sa fie cu tine ДАЙ МИ ТВОИТЕ ОЧИ Я слышу голос Твой ṭbt nfsạ yạ yswʿ
Song not available - connect to internet to try again?