Сухан гӯям агар бо ҳар забоне, Вале дар ман набошад меҳрубонӣ, Вуҷуди ман бувад бесуду носоз, Филизи пурсадо, санҷи пуровоз. Агар донам улуму ҳам нубувват, В- агар огоҳам аз асрори хилқат, Гар аз имони комил кӯҳҳоро Тавонам мунтақил кардан ба ҳар ҷо, Барояд ҷумла гар инҳо зи дастам, Муҳаббат гар набошад, ҳеҷ ҳастам! Гар амволам диҳам, ҷонам бисӯзам, Набошад меҳрубонӣ, нест судам. Муҳаббат бас ҳалиму меҳрубон аст! Ҳасад нашносад, он ороми ҷон аст! На атвори қабеҳу на ғуруре, Наҷӯяд нафъи худ, дорад суруре. Нагирад хашму суи занн надорад, Зи каҷӣ хуш нагардад, рост орад. Ҳама бовар намояд, сабр дорост, Таҳаммул мекунад, умедвор аст. Нагардад соқит ҳаргиз ин муҳаббат, Вале нобуд гардад ҳар нубувват, Забонҳо охиран поён пазирад, Улум охир заволи хеш гирад. Кунун илму нубувват ҳар ду ҷузъист, Чу комил сар расад, ҷузъӣ шавад нест! Замони кӯдакӣ фикру тааққул Чун кӯдак менамудам бетааммул. Ҳама гуфтори ман гуфтори тифлон, Ба мардӣ тарк кардам кори тифлон. Кунун дар оина бинем мавҳум, Дар он вақт рӯ ба рӯ бинем бо ҳам, Шиносоии ман ҷузъист ин ҷо, Шиносам баъд, чун гаштам шиносо. Бувад боқӣ се чиз алҳоли майдон: Умед асту муҳаббат, низ имон! Хотима: Валекин аъзами инҳо муҳаббат, Бикӯш, эй ҷон, ба дунё бо муҳаббат!Худо дӯстдору наҷоти ҷонам Zvonia zvony vianočné Kristus Pán vstal z mŕtvych Possèdes-tu, pauvre pécheur Бири Сенин ичин Дуа едийор عیسانگ قودراتی! Najotkorim bor Sláva buď Tebe, Bože náš الله الذي لنا Ким яптъ,янан йълдъзлар
Song not available - connect to internet to try again?