Танҳо Исо бошад Соҳиби дилам, Танҳо Исо он ҷо сокин шавад. Муҳаббати Ӯро монанд набошад, Танҳо назди Ӯ роҳат меёбам. Ғаме надораму гиря накунам, Худовандам Исо назди ман аст. Ӯ фармуда, ки дастамро мегирад, Барад он ҷо, ки доим роҳат аст. Танҳо Исо кард аз гуноҳам озод, Танҳо Ӯ дар ҳаққи ман эҳсон кард. Диламро бишкофт бо меҳри азимаш, Он гоҳ оромиши осмонӣ дод. Вақте дар набард нотавон мешавам, Танҳо Исо ба ман қувват бахшад. Аз чашми ҳаёти Ӯ менӯшам, Доим қуввати тоза меёбам. Исо дар ин набард пирӯзам кунад, Маро назди Худо осмон барад. Дар он ҷо ҳамеша шодӣ хоҳам кард, Роҳату ором дар оғӯши Ӯ.Con questa mia spada myn mạ knt Etre ou ne pas être مش هاسمح ٴتاڭىر جولىما جارىق شاشىپ آتي إليك يا يسوعى Мой Иисус Ты всё твори во мне Твой путь Господь мой самый лучший Te-am văzut străbătând munţi înalţi Сүйүнчү айтам бүткүл жерге:
Song not available - connect to internet to try again?