// Худовандро ситоиш кунад ҷони ман, Ба ваҷд ояд рӯҳам аз Наҷоткори ман. // Ба ҳалимии канизаш назар кард Худо - Маро минбаъд хушбахт хонанд наслҳо; Ҳаме исми он Тавоно муқаддас аст, Ки Ӯ кори бузурге ба ман кардааст. Бувад ҷовидонӣ марҳаматҳои Ӯ - Насл то ба насл барои тарсгорони Ӯ. Тавоноии бозуи Худ зоҳир намуд, Пароканд онро, ки дилаш мағрур буд. Зи тахт вожгун намуд зӯроваронро, Сарафроз гардонд ҳама фурӯтанонро; Зи неъмат пур намуд гуруснагонро Тиҳидаст бозгардонд тавонгаронро; Аз он хотир, ки марҳаматҳо карда буд, Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ намуд. Ҳамон тавре ки гуфта буд ба падарон, - Ба Иброҳиму насли Ӯ то ҷовидон.주 보혈 날 씻었네 My mamy juz zbawienie Bogu niech będą dzięki Қўлингни Бер Менга أراك بالإيمان rwḥ ạllh ạlqdws Есүс надад хайртай даа VEĽKÝ JE NÁŠ PÁN Biar'Ku Tumbuh di BatangMu Al trono excelso
Song not available - connect to internet to try again?