// Tу ҳастӣ Худои воҷибулвуҷуд, Қудратат ба дунё надорад ҳудуд. // Худоё, ба номат ситоиш раво, Ситоишу шукру ниёиш раво. // Шоистааст, ки доим номи Туро Эҳтиром доранд ҳама халқҳо. // Фаришта кушодааст забон бар сано Ба Қуддуси ҳама муқаддасҳо. // Осмону заминро Ту додӣ вуҷуд, Бузургиат дар дунё ҳаст беҳудуд. // // Tу ҳастӣ Худои воҷибулвуҷуд, Қудратат ба дунё надорад ҳудуд. // Расулони покат парастандаат, Ҳама пайғамбарони даҳр бандаат. // Лашкари шоҳидони сафедлибос Намоянд ситоишу шукру сипос. // Калисои покат ба ҳама ҷаҳон Ба ситоиши Ту кушодааст забон. // Ки ҳастӣ Ту доим вирди забон, Худоё, Худованд дар дилам бимон. //Feltámadt Jézusomnak szolgálok ạnt ạlly ʿạrf 예수 사랑해요 Do everything without complaining rdyt ạlmslwb .. yạ ạ̹lhnạ kạlḥạlmyn Боловсорсон тариаг Iso Sen yaqin dostim உயர் மலையோ சம வெளியோ Môj Boh je mocný
Song not available - connect to internet to try again?