Худои нек! Чун ба ҷаҳон нигоҳ кунам, Ба ҳар чи Ту бо каломат сохтӣ, Ба мавҷудот, ки нурат ато карда, Бо меҳри Падарӣ ғизо диҳӣ, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун нигарам ба осмон, ба ахтарон, К-он ҷо оламҳои пурнур ҷорист, Ва меҳру моҳ дар муҳити ҷовидон, Чун киштиҳо дар уқёнус ҳастанд, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун бо Худо вохӯрам дар Калом, Ва корҳои неки Ӯро бинам, Чӣ хел халқи Худро баракат дод, Чӣ хел дӯст дошт ва марҳамат намуд, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун ман рухи ҳалими Масеҳ бинам, Ки ба инсон дар ин даҳр банда буд, Чӣ хел Ӯ, шоҳи олам, дар салиб мурд, Ва бо салиб ба мо бахшиш овард, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун озмоиш азоб диҳад дилам, Бо ғами марг малӯл бошад рӯҳам, Ӯ бо меҳр хам кунад сарашро сӯям, Фиғонам пахш кунад бо гапи нарм, // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! // Чун маро хонад з-ин ҷаҳон Ӯ, Ва равшанӣ кунад ҷилои Ӯ, Саҷда барам пеши тахти Ӯ, Шоҳро бинам дар зебоии Ӯ. // Ҷонам хонад он гоҳ бар Ту, Худо: Ту бузургӣ, Ту бузургӣ! //كم أود أن أشيد بيسوعي كل حياتي ملكك ไม่ใช่แรงหรือกำลัง It's not by might nor pow'r Pán Hoden Chvál هيا افرحوا Бахырам мəн əтрафыма, һəр кəс дəрдли бу дүнјада Na inona na inona hitranga, Jeso! ربنا إنت كبير Dieťa z neba Кубангын жер жүзү
Song not available - connect to internet to try again?