Худоро гиромӣ бидорӣ агар, Зи файзи Худо баҳра гирӣ мудом. Шавӣ комёбу набинӣ шикаст, Туро шери дарранда ояд ба дом. Дилат шод гардад зи файзи Худо, Зи фармони Ӯ сар напечӣ агар. Ба лутфи Худо бошӣ умедвор, Наҷӯӣ Ту чизе зи ҷои дигар Наҷӯӣ Ту чизе зи ҷои дигар. Худоро итоат кунӣ гар зи дил, Чу шохи пур аз мева бинӣ занат. Зи фарзанди фарзонаи покдил, Тавоне бияфзояд андар танат. Шукӯҳи Сионро бубинӣ ба чашм, Ту, эй порсо марди некӯсиришт. Шавӣ ташнаву об хоҳӣ агар, Ба даст оварӣ оби боғи биҳишт Ба даст оварӣ оби боғи биҳишт. Худо қавми Худро раҳоӣ диҳад, Зи шарру бадиҳои ин рӯзгор. Ба фармони Ӯ сулҳу некиву хайр, Бимонад дар ин сарзамин пойдор.อิมมานูเอล Благослови меня Господь СЪЗДАНИЯТА ПЕЯТ ạ̉nạ mstnyk Mnoho je práce İsa, Zaferini Kutlarız! Аз жаргал Mint szarvas hűs forrás után mlqyn kl hmkm ʿlyh yào guī yé hé huá wèi shèng
Song not available - connect to internet to try again?