Забури Довуд Таронаи якум Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад; Фақат ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад; Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт. Шарирон чунин нестанд, балки монанди пари коҳанд, ки онро бод пароканда мекунад. Бинобар ин шарирон дар рӯзи бозхост нахоҳанд бархост; хатокорон низ дар ҷамоати одилон, Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад, вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд. Омин.Терпи душа Көктем келді айнала құлпырып Вот ночь уж наступила СЕГЕ МЕНИҤ ЈАҤАРЫМ โฮซันนาแด่พระเจ้าสูงสุด Io ti vedrò Náš Pán je slávny Господи помилуй Nessuno è come te يا حائرا
Song not available - connect to internet to try again?