Чу сармасти Масеҳам ман, Зи дарди сар чӣ андешам? Чу оҳуи Масеҳам ман, // Зи шери нар чаро тарсам // ман? Чу Ӯ бошад Наҷоткорам, Зи қайду банд чаро тарсам? Чу шӯру шавқи Ӯ дорам, // Зи шӯру шар чаро тарсам // ман? Ту Исои Худовандӣ, Худовандӣ, Худовандӣ. Чу Мусо Туро дидам, // Зи фиръавнҳо чаро тарсам // ман? Хушовозии Ӯ дидам, Навосозии Ӯ дидам. Шифои ҷисми Ӯ дидам, // Зи беморӣ чаро тарсам // ман? Чу мадду ҷазри худ дидам, Чу болу пари худ дидам, Чу карру фарри Ӯ дидам, // Зи кӯру кар чаро тарсам // ман? Ту Исои Худовандӣ, Худовандӣ, Худовандӣ. Чу Мусо Туро дидам, // Зи фиръавнҳо чаро тарсам // ман? Зи Рӯҳаш пур шуда зарфам, Ба мискинӣ чӣ андешам? Ҳазорон гавҳарам бахшад, // Зи бегавҳар чаро тарсам // ман? Чу Ӯ бо ман чунин гарм аст, Зимистонро чӣ андешам? Чу бар боми фалак ҷастам, // Зи хору хас чаро тарсам // ман? Ту Исои Худовандӣ, Худовандӣ, Худовандӣ. Чу Мусо Туро дидам, // Зи фиръавнҳо чаро тарсам // ман?ạ̉nt ḥmlti mn yḥml ạlkl 춤추며 찬양해 나의 왕 앞에서 清早圣灵感动我 Przewyższa rozum wielka miłość Twa kmạ ạ̉nạ wlys ly ʿdẖr Yesu Kwa Imani Лунає до нас гучний голос з небес Dari Kubur yang Kelam Pecador Ven A Cristo Jesus يارب إلهي عليك توكلت
Song not available - connect to internet to try again?