Чун бар чӯбе, ки мехкӯб шудаӣ бар он, нигарам, Рӯи теппаи хокӣ Наҷоткорамро бинам. Яраҳои дастҳову поҳояшро, ки мебинам, Дилам месӯзад, зеро азоб кашид бароям. Шодам кун, Ту шодам кун, охир, дардамро медонӣ. Дар умқи нигоҳи ман андӯҳамро мехонӣ. ϑамҳоям чунон борест, дардҳоям чунон хорест. Бар дӯшу бар сари Ту мегузорам онҳоро. Аз паҳлӯи Ту хуневу оби он чунон ҷорист, Ки шӯяд ҳар андӯҳу ҳар дарде, ки ман дорам. Шодам кун, Ту шодам кун, охир, дардамро медонӣ. Дар умқи нигоҳи ман андӯҳамро мехонӣ. Чун бо бори гуноҳонам ба пеши чӯбат оям, Чашмони Туро дидан тобу тоқат надорам. Баҳрам мавтро чашидӣ, лек ранҷат зиёд кардам Бо захмҳои андӯҳам, бо бори гуноҳонам. Шодам кун, Ту шодам кун, охир, дардамро медонӣ. Дар умқи нигоҳи ман андӯҳамро мехонӣ.Kalbime Gir بأحب أعيش Иса Чоджукларъ Север First Love (feat. Luke Taylor) Боже наш, ний Теб се молим Isa rızamyn دەرد كەلگەندە جان دوست ۋاجىپ jysẖ ạ̉mlạk ạlsmạ Šťastný je dům, kde vládne Pán Amen bararas
Song not available - connect to internet to try again?