Чун Исо, шоҳи шоҳон, Бо шодию шукӯҳҳо Бозгашт кунад ба ин ҷаҳон. Имондорони ҳақиқиро Сӯи Худ хонад Дар он биҳишти ҷовидон. Шукру сипос бод бар номи Исо! Танҳо умедам дар ин дунё. // Шодонам, ҳамдашро хонам, Бозгашти Наҷоткорамро хоҳам. // Вақте Худованд Исо, Мазҳари Зоти Худо Поён ояд зи осмон, Ҳамаи гуноҳкорон Дар ҳар нуқтаи ҷаҳон Гарданд тарсону парешон. Гӯянд ба кӯҳҳо: "Пахш кунед моро, Пинҳон кунед аз хашми Исо". // Шодонам, ҳамдашро хонам, Бозгашти Наҷоткорамро хоҳам. // Вақте расад ба поён Кори ман дар ин ҷаҳон, Парвоз кунам сӯи Исо . Тоҷи ҷалолам бахшад, Бо шодӣ маро гӯяд: "Эй фарзанд, назди Ман биё!" Дар нури рӯяш давам ба сӯяш, Ашки шӯр резам баҳри файзаш. // Шодонам, ҳамдашро хонам, Бозгашти Наҷоткорамро хоҳам. //ạ̉nạ msẖtạq lk Pujilah Allah, Pujilah İsa Bana Şifa Verendir Эй Зўравон ىيسا تەڭىر، ەممانۇەل أدخل لقدسك أترجى وجهك มีสิ่งเดียวที่ข้าต้องการ నాదు జీవమాయెనే నా సమస్తము Już ostatni za górami hwdẖạ mạ ạ̉ḥsn
Song not available - connect to internet to try again?