Эй Дӯст, биё, роҳати ин қалби ғамгин бош! Ту Нури ҷаҳонӣ, ба дилам ҷойгузин бош! Вақте ки ба зулмот гардидам гирифтор, Вақте ки мададгор оҷиз шуда аз кор, Вақте ки зи исён бар ман шуда душвор, // Боз ой, наҷотам деҳу сардори матин бош! // Ҳастам ба Ту мӯҳтоҷ ҳар соату ҳар он, Файзи Ту раҳонад аз қудрати шайтон. Дар тирагии абр дар нур дурахшон, Пайваста ба ҳар ҷой маро ϸру Муин бош! Вақте ки Ту, Шоҳо, оӣ ба канорам, Баракат зи Ту ёбам, раҳмат зи Ту дорам. Аз хасми бадандеш ман бим надорам, Боз ой наздики ману шоҳи азим бош! Он дам, ки расад умр якбора ба охир, Он дам, ки шавад даҳр аз торикӣ дилгир, Он дам, ки шавад кавн як сар мутағайир, Эй Он, ки дигаргун нашавӣ, ҳамдами ман бош! Ғамҳову аламҳо якбора зи бар рафт, В-аз талхии ҳар ашк якбора асар рафт, Аз марг бирафт неш, аз қабр зафар рафт, Эй Фотеҳи ман, дар дили ман Садрнишин бош! То нақши салибат дар дида намоӣ, То аз дили зулмот рахшанда дароӣ, Дарҳои самовот бар ман бикушоӣ, Дар он бигузин ҷою маро рӯҳи умед бош! Чун субҳи саодат дар даҳр аён шуд, Ҳар соя абас буд, дар нур фано шуд, Пайдоиши гетӣ бар нур бино шуд, Эй Нури ҳақиқӣ, Ту маро Нури яқин бош!dnyạ lkn dnyạ Веруем во Единого Бога Творца Всемогущего You are the Almighty God and King ماتعلمتش أعيش وانا خايف The Love of God ḥyn ạ̉ry̱ ṣlyb mn Уж уйдет скоро Бог наш отсюда Ба пайравии таронаи 150 дар китоби Забур Пусть знает весь мир Holy God, We Praise Thy Name
Song not available - connect to internet to try again?