Эй, ки ту аз баҳри дуо омадаӣ дар чунин ҷои муқаддас инро яқин дон: Наҷоткори мо мебинад, мешунавад арзи моро, гар бувад аз рӯи имон. Чунки Худ фармуда моро: "Эй муҳиббон, бо шумо бастам зи раҳмат аҳду паймон. Гар дар аҳду вафо бимонед, ҳукми Маро бидонед, номи Маро бихонед бо қалбу виҷдон, Мекунам ҳар мушкилеро ҳаллу осон, мерасонам ҳар дуоро назди Яздон". Тарзи дуоро Пури Худо ёд ба мо дод, то афтад қабули ҳайи Субҳон. Ҳар кӣ Худоро бо дилу ҷон, қалбу забон хонад , зуд ёбад ҷавоб зи фазли Раҳмон. Пас биё, то муттаҳид гардему ҳамроз, ҳоҷати худро барем назди Сабабсоз. Гӯем, эй Падари осмонӣ, ҳоҷати моро донӣ, ботини моро хонӣ, эй Шоҳи шоҳон! ϝодиро, моро раҳон аз нафсу шайтон, кун моро ато аз эҳсон рӯҳи имон!I am Loved by the King Лучше уповать на Господа Раб'ън Севгиси Бу يا سيدي إن لم يسر Ты жизнь обновил мою Je me penche Аз знам в Кого съм повярвал Tek Layık Olan Galip Geldi Isus pe cruce ai murit Иса Ән Уҹа Аддыр О
Song not available - connect to internet to try again?