Эй мӯъминон, ин навид бишнавед, гиред умед. Наҷоту роҳу ростӣ бо Масеҳо гашт падид. Масеҳо - Шоҳи шоҳон, Мазҳари Ҳаққу Раҳмон. Бо хуни Худ бар салиб бахшид ба мо гуноҳон. Чашмаҳои оби ҳаёт аз файзи Исо Гашта равон баҳри наҷоти ҳамаи қавмҳо. // Нӯшед аз он об то абад сероб. // Гӯш кун, эй дилшикаста, аз ҳама дунё хаста, Қалби ту тоза гардад, аз ноумедӣ раста. Ҳама ҷо ҳозир Худо, манзил асту ҷонпаноҳ. Наҷотдиҳандаи мост ҷустуҷӯгари қалбҳо. Биё, сапеда дамид, тулӯи субҳи умед. Саҳар шукуфа бисохт, то бахшад ба мо навид. Масеҳи мавъуд омад дар ин ҷаҳони ҳастӣ, Мисли ҳамаи инсонҳо зоҳир гардид дар ҷисме. Эй Нури осмонӣ, қалби моро Ту хонӣ. Моро ато кун, Падар, ҳаёти ҷовидонӣ. Озодам, месароям, номи Туро мехонам. Эй Сарварам, эй Нурам, танҳо Туӣ Худоям.Өмірдің бұлағы الرب يهوه إلهي Roh Kudus, Turunlah bạkrạaⁿ ậty ạ̹lyk fy kl ywm Ödedi İsa Borçluyum O'na Seni yüceltirim Cuando en el camino vas O, Duhule Preasfant Чи знаєш, друже, заклик Христа?
Song not available - connect to internet to try again?