Эй осмон, бикшой дар, ороиши нав деҳ дигар, аҳди Худоӣ шуд ба сар. // Бархост Исо аз замин, бар ҷони покаш офарин! // Кай ҷисми он Халлоқи ҷон монад ба хок андар ниҳон? Эҳёи Ӯро бин аён. // Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш офарин! // Табдил кард ин хонаро, афрӯхт ин кошонаро, пур сохт он паймонаро. // Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш офарин! // Додат атоҳо аз карам, нобуд шуд андӯҳу ғам, озодиатро зад рақам. // Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш офарин! // Хайли малоик мунтазир, каррубиён дар раҳгузар, к - ояд Писар назди Падар. // Диданду моро шуд яқин, бар ҷони покаш офарин! //我的弟兄姐妹呀 洁净我的心 Wielkie są Twe dzieła Far and near the fields Сколько Ты Христос меня прощал آه يا وَجَعى Жаным кейип алсырап турганда Ажойибсан 2 Milujte se Estoy contento te diré
Song not available - connect to internet to try again?