Эй Худои ман, Худои меҳрубон, Ҳар саҳар аз дил талаб дорам Туро. Ҷисми ман пазмону ҷонам ташнаат, Ман ба нақди ҷон харидорам Туро. Ташнаи рӯи Туям ман, эй Худо, Ҷонам аз дидори Худ сероб кун. Ин замини хушкро бо меҳри Худ Соабз гардон, хурраму шодоб кун. Аз ҳаётам беҳтар аст эҳсони ту, Эй Худо, эй Кирдигори лоязол. Дар макони қудс дидам ман Туро, Эй Худо, эй соҳиби ҷоҳу ҷалол. Дар тамоми умр хоҳам хонд ман Аз дилу аз ҷон муборак номи Ту. Шодмон лабҳои ман аз мадҳи Ту, Ҷон бинӯшад ҷуръаҳо аз ҷоми Ту. Шаб ба бистар меравам бо ёди Ту, Дар тамоми шаб хаёлат дар сарам. Ту мададгори манӣ, эй Шоҳи ман, Сояи боли Ту бошад бистарам. Шод кун ҷони ман ба Ту маро, Парвардигор, Чунки ҷони ман ба Ту часпидааст Дар паноҳи лутфи Ту оромишест, З-ин сабаб он ҷо чунин хуспидааст. Қасди нобудии ҷонам гар кунанд, Ҷояшон дар таҳти гӯристон бувад. Аз дами шамшерҳо мебигзаранд, Ҷонашон дар чанги шағолон бувад. Дар Худо шодӣ кунад шоҳ инчунин Бо дили оганда аз ишқу умед. Гар таваккал бар Худо аз дил кунем, Пеши рӯи мо бувад роҳи сафед. Баста гардад фитнаҷӯёнро даҳон, Чашмҳошон кӯр гардад аз дурӯғ. Фахр дорам бар Худои хеш ман, Чашмам аз файзаш ҳамеша пурфурӯғ.Sang Muolpi Liem Mai Ta'n Люди всі зібрались такі різні, та кров одна Kom na my toe almal wat moeg en oorlaai is Bir zamanlar günahlı idim mən تشهد حياتي En gang levde jeg for verden Bir Kurtarıcı Doğdu Алевлендир Есть под небом единственная та MAW BETHLEHEM NANG KHUA HMETE
Song not available - connect to internet to try again?