Эй Шоҳи шоҳони ҷаҳон, Эй Нури чашми ақлу ҷон! // Бар тахти дил султон Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ. // Эй Нури чашми ошиқон, Эй Холиқи кавну макон! // Эй Ромиши ороми ҷон, Исо - Худовандам Туӣ! // Мусо ба фармони Ту шуд Солики саҳрои наҷот, // Довуд ба дил иқрор кард, Исо - Худовандам Туӣ! // Ҳамчун баҳор андар чаман, Ҳам рӯҳу ҳам райҳон Туӣ! // Шабнам Туӣ, насрин Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Дар ҷисми мо чун ҷон Туӣ, Дар ҷонҳо ҷонон Туӣ! // Сурат Туӣ, маъно Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Ту ҷисмро ҷон медиҳӣ, Чашму аёнро медиҳӣ. // Ҷонро Ту сомон медиҳӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Ҷӯён будам ман солҳо, Ҳам дар замин, ҳам дар само. // Чун боз кардам дидаро Дидам - Худовандам Туӣ! // Ҳам Ҳайю ҳам Боқӣ Туӣ, Ҳам Соқии мардум Туӣ! // Ҳам манну ҳам Нони ҳаёт, Исо - Худовандам Туӣ! // Зиндагии ҷовид Туӣ, Раҳмати бекарон Туӣ! // Ташнаи файзи Ту манам, Исо - Худовандам Туӣ! // Ошиқи бӯи Ту манам, Пайрави роҳи Ту манам. // Ҳодию Султонам Туӣ, Исо - Худовандам Туӣ! // Фатҳу футӯҳи ман Туӣ, Киштии Нӯҳи ман Туӣ! // Шуста ба хуни Ту манам, Исо - Худовандам Туӣ! // Шодии рӯҳи ман Туӣ, Роҳати ҷони ман Туӣ! // Кист ҳарифи меҳри Ту? Исо - Худовандам Туӣ! //Egli solo è degno La presenza tua gloriosa wḥdk tkfyny محبة المسيح Оо, Жүрөгүмдө кубаныч أغلى من اللآلىء Знаю, Ты найдёшь ạwl ạlkẖṭạẗ ạnạ Куртулуш пънарларъна вардъм бен яна яна El más sublime Infante
Song not available - connect to internet to try again?