Як рӯз ин дунё барои ман Ториктар аз ҳар торикӣ буд. Ранги сафедаш барои ман Сиёҳтар аз ҳар сиёҳӣ буд. Шукри Исои маҳбуби ман, Ки Ӯ садои маро шунид. Нури Ӯ бар қалби ман тобид, Маро аз чоҳи гуноҳ кашид. Кас набошад бароям ҷуз Ӯ, Гӯшам доим ба фармони Ӯ. Вақте бар салиб рафт ҷони Ӯ, Оламе гардид ба номи Ӯ. Пас кай меоӣ, Шоҳи шоҳон? То мо оем наздат шитобон. Ту ваъда додӣ, бармегардӣ, Поён хоҳӣ дод ба ҳар дарде. Ҳамин акнун бош миёни мо, То ҳама бинем дар дил Туро. Он гоҳ бигӯем шукрат, Исо, Шукрат, ки додӣ наҷоти мо. Исои маҳбуб, дӯстат дорам, Баҳри диданат беқарорам. Орзуи ман канори Туст, Чун ҳама шодиҳо моли Туст. Ҳама мӯъминон дуо кунем, Дуо даргоҳи Худо кунем. Исоро хонем дар ҷамъи худ, Дилҳоро аз ғам раҳо кунем. Исо - Табиби дилҳои мост, Исо - Шифои дардҳои мост. Чаро нагӯем бо як садо: "Исо - наҷоти ҳама халқҳо". Исои маҳбуб, дӯстат дорам. Баҳри диданат беқарорам. Орзуи ман канори Туст, Чун ҳама шодиҳо моли Туст.Небесная страна Инсанлары төвбəјə чағырырсан Ježiš je ten dobrý Pastier Pieseň vďaky Қачонлардир мен Сендан йироқ эдим Тангрим zhǔ wǒ men xū yào nǐ ئو خۇدايىم، سەن ئالەمنى ياراتقان Я хочу летать как птица Ты мой Царь Ты мой Бог يا أبتي
Song not available - connect to internet to try again?