Ҳазрати Исо, Худованди ҷаҳон, Молики хуршеду моҳу ахтарон! Ягона Наҷоткори насли башар, Дода баҳрат қудрати афзун Падар. ϝудрати Ту аз ҳадди идрок беш, Мо ба Ту такя кунем, лек Ту ба Хеш. Ту ҳаёти ҷовидон дорӣ ба даст, Ихтиёри олами болову паст. Ин ҷаҳон фонист, лекин, эй Шаҳриёр, Гуфтаҳои Ту бимонанд пойдор! Хуни покат рехтааст барои мо, То бубахшад пайравонатро Худо. Ин фидокории Ту азим буд, Равшан чун хуршеду ҳам парвин буд. Зиндагии кӯтоҳи мо даргузашт, Навмедӣ аз дилҳои мо нобуд гашт. Ҳар кӣ хоҳад аз Ту оби ҷовидон, Медиҳӣ онро барояш ройгон. Эй Худованд, ҳастӣ Тағйирнопазир, Зиндагии мо бо Ту ҳаст дилпазир. // Қалби моро аз гуноҳ холӣ намо, // // Рӯҳи фараҳбахши Худро кун ато. //Хто цей Цар слави, Господь Великий fy ạlbdʾ Cand singur pe cale eu sunt kạn qlby ạswd Seigneur, tu donnes ta grâce ۇلۇۇ پادىشانى داڭقتايبىز Светлый рай Светлый рай أنا عصفور صداح 珍惜今天 Eu am pace deplină
Song not available - connect to internet to try again?