Ҳамд гӯям Раббро, эй мардумон Дар ҷамоат, дар нишасти одилон. Корҳои Эзиди мо беназир, Баҳри кулли шавқмандон дилпазир. // Кори Яздонам шукӯҳу шавкат аст, Адли Ӯ то ҷовидон пайваста аст. // Қобили зикр аст аъмоли Худо, Бошад Ӯ бахшандаву роҳатфазо. Ризқ мебахшад ба тарсгорони Худ, Ҷовидона ёд дорад аҳди Худ. // Қуввати аъмоли Худ зоҳир кунад, То ба қавмаш ирси халқҳоро диҳад, // Ростиву адл аст аъмоли Ӯ, Лоиқи ҳар эътимод аст амри Ӯ. Рабби мо то ҷовидон қоим бувад, Ростиву адл асли Ӯ бувад. // Баҳри қавми Худ раҳоӣ додааст, Аҳди Худро то абад фармудааст. Тарси Яздон ибтидои ҳикмат аст, Ҳикмат иҷро гар шавад, арзанда аст. //Zpívat píseň lásky smím Znám zemi znám Cuán inmenso es tu amor Chwała Bogu Ojcu Иса, как прекрасен Ты! La trompeta ha sonado Mari, Puji Raja Sorga ʿlmny ạ̉ntẓrk yạrb ИСУС ХРИСТОС Е ГОСПОД ليه لسه رافض
Song not available - connect to internet to try again?