Агар Исо ҳазорон бори дигар Ба дунё зиндагонӣ гирад аз сар, Кунад равшан зи нав дунёи моро, Шифо бахшад ҳама дардҳои моро, // Вале дар қалби мо ворид нагардад, Умеди мо саросар ҳеҷ гардад. // Агар Исо ҳазорон бори дигар Ба дунё зиндагонӣ гирад аз сар, Ба худ хонад ҳама заҳматкашонро, Бибахшад зиндагонӣ мурдагонро, // Вале дар қалби мо ворид нагардад, Умеди мо саросар ҳеҷ гардад. // Агар Исо ҳазорон бори дигар Ба дунё зиндагонӣ гирад аз сар, Намоёнад ба инсон роҳу чора, Шавад маслубу бархезад дубора, // Вале дар қалби мо ворид нагардад, Умеди мо саросар ҳеҷ гардад. //ىيسا، سەنىن ىسمىڭ ىيىق ạgẖfr ly kl dẖnby Znovu Még nem is éltem én Меня позвали па рам пам пам пам Тең келер Саған fy ạllyl ạlsạkt Я верю Ты придешь Кротко и нежно Иисус призывает Merci, Seigneur
Song not available - connect to internet to try again?