// Андаруни ҷони мо ғавғост - Исо омадааст, сад ҳазорон ммжда бар дилҳост - Исо омадааст // Аз насими ин паёми осмонӣ рӯзу шаб Ашки шодӣ дар дилам дарёст - Исо омадааст. Интизори ваъдаи дидори фардо то ба кай? З-он ки имрӯз ҳам ҳамон фардост - Исо омадааст. Дар гулистони муҳаббат ҳар гуле гӯяд Туро, Нағмаи ҳар булбули шайдост - Исо омадааст. Баҳри дидан пардаҳоро як ба як бояд дарид, Чун бурун аз пардаҳо пайдост - Исо омадааст. // Гӯши дигар боядат будан туро, то бишнавӣ, Дар забони зарраҳо ғавғост - Исо омадааст. // Ин ҳадиси савсан асту ин ҳадиси ёсуман, Ин ҳадиси лолаи саҳрост - Исо омадааст. Кай ба истидлоли мо мӯҳтоҷ омад офтоб? Дида мебинад, агар биност - Исо омадааст. Донише бояд турову гардише бояд туро, Офариниш сар ба сар гӯёст - Исо омадааст. Ҳам зи Матто, ҳам зи Марқӯс, ҳам зи Луқо, Ҳам дар он Инҷили Юҳанност - Исо омадааст. Хотима: // Тоҷи зебо бар сари худ гар бихоҳӣ, ҳам биё, Тоҷи зебо бар сарат Исост - Исо омадааст. //fwq kl ạsm fy kl mkạn Oceanos طوق النجاة Cristo muove le montagne Güçle, kuvvetle değil Сила моя, когда я слаб Calea Adevarul Viata V Ježišových šľapajach C'est toi Jésus, pain de vie Ажойибсан 2
Song not available - connect to internet to try again?