Шӯришу исён чаро бардоштанд? Ин тавоиф фикри ботил доштанд. Сарварону подшоҳони замин, Синаҳошон пур зи шарру буғзу кин. Сар зи фармони Худо бартофтанд, Синаи Исои Ӯ бишкофтанд. Ӯ зи авҷи осмонҳо, бегумон, Воқиф аз асрори пинҳону аён, Бо тамасхур ханда дорад, ҳон, бубин, Бар ситамкешони нодон дар замин. Хашми Ӯ афзуну афзун мешавад, Золимонро чашму дил хун мешавад. Мешаванд ошуфта аз хашми Худо, Кай тавон пинҳон шуд аз чашми Худо. Дар такаллум гӯяд онҳоро ба хашм: "Кӯҳи Сионро тавон дидан ба чашм. Ин муқаддас ҷойро ман ҳамчунон Кардаам омода бар шоҳи ҷаҳон". Ва Писар гӯяд, ки "фармон ёфтам, Иззу шаъну фарри Яздон ёфтам. Подшоҳӣ аз Худам на, аз Худост, Ҳукми Ӯ орам ба ҷо, он чи ки хост. Ӯ Маро фазанди Худ хонад, чӣ бок, Ар ҷафо бинам Ман аз абнои хок. Ҳар чи хоҳам, Ӯ иҷобат мекунад, Неку бадро Ӯ қазоват мекунад. Ҳар чи дар ақсои олам буду ҳаст, Дар тасарруф дорам акнун зери даст. Бишканам чун кӯзаи кӯзагарон, Зулму истибдод бо гурзи гарон". Бо тааққул, подшоҳон бингаред, Доварон, аз интибоҳ дарнагзаред. Ҳам Писарро бӯсаҳо бояд намуд, Дар ғазаб н-ояд мабодо зуд-зуд. Қаҳри Ӯ оҳиста фаврон мекунад, Оламеро зору нолон мекунад. Аз ҳалокат вораҳидан мушкил аст, Гар таваккал бар Худо на аз дил аст. Хуш ба ҳоли он ки имон оварад, Бо таваккал ҷон ба ҷонон оварад.손을 들고 찬양합니다 Мəһəббəти сонсуздур бизлəрə Overwhelmed Allí la puerta abierta yī gè qí miào de gù shì 主不会将过重的担子加给你 使命啊我不能放下 Un regard sur ta croix sanglante ạbrʿ jmạl Plesajme radostne, priatelia
Song not available - connect to internet to try again?