Бишуд рӯзу инак шаб ояд канор, Кунун осмон гардад аз соя тор. Фазояд бар он соя ҳар дам чунон, ҳар дам чунон Ки зоҳир шавад талъати ахтарон, ахтарон. Ҷаҳон ҷумла орому сокит шавад, Ки шаб вақти осоиши ҷон бувад. Дар ин вақт мурғону гулҳо ба ноз Бихобанд дар раҳмати корсоз. Ту, эй Исои поки равшанравон, Бибахшой оромиши хастагон. Ба некӯтарин лутфу меҳру карам, меҳру карам Зи раҳмат бинеҳ пилки чашмам ба ҳам, чашмам ба ҳам Бифармо ба кӯдакон хобе ато, Ба хоб-андар кунанд фикри Туро. Ба киштинишинони // дарёнавард, // Ба беморони ғарқи // баҳри дард // Бибахш ончунон к-он сазовори Туст, Тасаллову бахшандагӣ кори Туст. Ба ҳар пос аз шаб маро ҳаст умед, Фариштасириштони симосафед Ба болинам аз арш раҳ биспаранд, Ба рӯй андарам болу пар густаранд, Ба ҳифзам бикӯшанд // то бомдод, // Ки бархезам аз бистари // хеш шод. // Бишуд рӯзу инак шаб ояд канор, Кунун осмон гардад аз соя тор. Фазояд бар он соя // ҳар дам чунон, // Ки зоҳир шавад талъати // ахтарон. // Ҷаҳон ҷумла орому сокит шавад, Ки шаб вақти осоиши ҷон бувад. Падарро Худоиву фарру камол, Писарро бузургиву ҷоҳу ҷалол. Худованди фархундаи беҳамол, Ки бошад туро қуввате бемисол. Бибахшо, ки бо соддагӣ // бегуноҳ // Биёбам ба файзи // ҳузури Ту роҳ. //Zo všetkých strán (Obsession) Let the Redeemed I’ll Live for Him Leaving Ninety-Nine НЯМА ДА ПОЗВОЛЯ НА КАМЪК Ti loderemo noi Popor al Domnului În slăvitu-Ţi nume mare încă ne mai adunăm Aleluja V. Kráľu, milosť nám daj
Song not available - connect to internet to try again?