Боди наврӯз вазид, Рӯзи фирӯз расид, Субҳи умед дамид. Мужда онро, ки дар ин сол ҳаёти нав ёфт! Найири нури Масеҳош парастор омад. Эй ҳама халқи ҷаҳон! В- эй ҳама покдилон! Шукри Яздон ба забон! Ҳама гӯеду сароед ба номи Субҳон, К- ояти раҳмати нав боз падидор омад. Тоза гардид ҷаҳон! Дару дашт аст ҷавон! Гули нав гашта аён! Ба тассалои дили ғамзадагон Рӯҳулқудс Ба мудовои тани хастаи бемор омад. Дар фироқи шаби ид, Дида даргашт сапед, Қосидам дод навид, Ки ҳаво рӯҳфазо асту насим анбарсой; Абри найсон ба чаман боз гуҳарбор омад. Аз чӣ дар кунҷи хамул? Бенавоию малул? Сӯи Ҳақ бош аҷул! Дида аз хоб фурӯ шӯй, ки гӯӣ яксар Бӯи мушк аз Хутану кишвари тотор омад. Даври озодии мост! Навбати шодии мост! Вақти ободии мост! Бод пайваста бо мо файзи Абу Ибну Рӯҳ: Яке аст ин севу як дар се зи асрор омад!Гладен Juu Yake Langu Shaka Jabulani Africa ريزامىن ساعان، ريزامىن 唱诗就有力量 Сана Йер Ачаръм Keď na svete máme žiť Есть под небом единственная та В реке небесной течёт добро Отче, я люблю присутствие Твоё
Song not available - connect to internet to try again?