Дурӯзаи умрам шуда чун нақш бар обе, Ҳар ҷилваву ҷоҳаш зи басар шуд чу саробе. Дар ҳар чи бубинем, фано ҳасту харобӣ, Эй он ки бақо бо Ту бувад, паҳлуи мо бош! Дар шиддати ҳар дард ҳузури Ту бихоҳам, Аз васвасаи нафс ба назди Ту паноҳам. Ҷуз Ту кӣ бувад ростнамояндаи роҳам, Дар хубу бад, эй Рабби карам, паҳлуи мо бош! Кай бок зи душман бувадам, гар Ту шавӣ дӯст, Кай тарси ҳаводис бувадам, гар ба Туам рост? Дар назди Ту гар умр ба сар рафт, чӣ некӯст! Эй дӯст, машав дуру биё, паҳлуи мо бош!تركوه On My Knees МӘН БИР ҜҮНАҺКАР Uwielbiamy Cię! Помилуй меня Di Bawah Sinar Bulan Хармаар байна Ісус - найсьвяцейшае імя Как любит Бог как счастлив я Lodiamo il Signor
Song not available - connect to internet to try again?