Забури Довуд Таронаи 102 Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон, ва эй тамоми ботинам - исми қуддуси Ӯро. Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон, ва ҳамаи некиҳои Ӯро фаромӯш накун. Ӯ ҳамаи гуноҳҳоятро меомурзад; ҳамаи касалиҳоятро шифо мебахшад; Ҳаётатро аз гӯр раҳо мекунад; туро бо эҳсон ва марҳамат фаро мегирад; Зеваратро аз зебоӣ сер мекунад; ҷавоният ба мисоли уқоб нав мешавад. Худованд адолатро ба амал меоварад, ва додгариро барои ҳамаи ситамкашон. Тариқҳои Худро ба Мусо маълум кард, корҳои Худро ба банӣ‐Исроил. Худованд раҳим ва бахшанда аст, собир ва пур аз эҳсон. Ба сурати абадӣ мазаммат намекунад, ва қаҳрашро то абад нигоҳ намедорад. Бо мо мувофиқи хатоҳоямон амал накардааст, ва моро мувофиқи гуноҳҳоямон сазо надодааст. Зеро, ба андозае ки осмон аз замин баланд аст, эҳсони Ӯ бар тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст. Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст. Чунон ки падар ба фарзандон марҳамат мекунад, ончунон Худованд ба тарсгорони Худ марҳамат менамояд. Зеро ки Ӯ сиришти моро медонад: дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем. Айёми инсон мисли алаф аст, мисли гули саҳрост: ончунон мешукуфад, Аммо боде бар он мевазад, ва он нест мешавад, ва маконаш дигар онро намешиносад. Валекин эҳсони Худованд бар тарсгоронаш аз азал то абад аст, ва адолати Ӯ бар фарзандони фарзандон, Бар онҳое ки аҳди Ӯро нигоҳ медоранд ва фармудҳои Ӯро дар хотир доранд, то ки онҳоро ба ҷо оваранд. Худованд бар осмон тахти Худро барқарор намудааст, ва малакути Ӯ бар ҳама ҳукмфармост. Худовандро муборак бихонед, эй фариштагони Ӯ, ки дар қувват паҳлавон ҳастед, каломи Ӯро ба ҷо меоваред, ва овози каломи Ӯро мешунавед. Худовандро муборак бихонед, эй ҳамаи лашкарҳои Ӯ, ва эй хизматгузорони Ӯ, ки иродаи Ӯро ба ҷо меоваред. Худовандро муборак бихонед, эй тамоми аъмоли Ӯ, дар ҳамаи мақомҳои ҳукмфармоии Ӯ. Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон.Öiset varjot hiljaa väistyy هللويا الرب صالح Dios de lo imposible إلهي الهي كن قائدي mljạ̉ ly УТАНМАҒЫ ҺЕЧ САЈЫБ Оріон Yo su gloria en los astros vi حسن هم النشيد Исони мен олқишлайман туну кун
Song not available - connect to internet to try again?