Лаҳзаҳои ширин бахшида Худованд, Дидем хоҳару бародарон. // Байни мо нишастан ваъда дод Худованд, Ба Ӯ кушоем диламон. // Чӣ хуш аст пеши Ӯ бо шумо вохӯрем, Аз ёд бибарем ғами ҷаҳон. // Чӣ хуш бошад аз Рӯҳи Қуддус пур шавем, Сӯҳбат кунем бо дилу ҷон. // Мусофири Сионем, ин ҷо дам гирем Назди чашмаи оби Худо. // Бар Тобӯр бароем, дубора баргарем, Раҳо аз зулм гашта бо Худо. // Тарсу сангҳои тезро кардем фаромӯш Мо дар мушоракати ширин. // Аз Каломи Худованд зинда кардем рӯҳ, Баргардем бо зӯри навин. // Наздиктар бо ҳам даври Исоро гирем, Ба кӯҳҳои абад нигарем. // Бо сипар дар зиреҳаш худро пӯшонем, Аз пайи Худованд биравем. //Гүл бостандин Тэнгэрийн од Эзэний мөнхийн гарт To wcale nie taki wielki trud أنت تسكب رحمتك Нам говорили Rauhaton ihmissielu Магтаалаар төлж کومِده دُغلان چاغا Praise Him, Praise Him
Song not available - connect to internet to try again?